Ru  | Tj
Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Украина бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла мубодилаи маҳсулот тақвият меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Украина бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла мубодилаи маҳсулот тақвият меёбад
Акс: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Украина бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла мубодилаи маҳсулот тақвият меёбад

Нашр шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷҷаббой Аҳмадзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк мулоқот намуд.

Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот аз густариши робитаҳои миёни Тоҷикистон ва Украина изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ду давлат ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун тақвият ёфта истодааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дод.

Бояд гуфт, ки ҷонибҳо вобаста ба мубодилаи молу маҳсулот, таҳсили донишҷӯён дар кишварҳои ҳамдигар, истифода аз захираву имконоти мавҷуда барои зиёд  намудани воридоту содироти маҳсулот, дастраскунии таҷҳизоти техникӣ барои пойгоҳҳои обкашӣ,  қисмҳои эҳтиётии техникаҳои кишоварзӣ,  рушди муносибатҳои фарҳангиву илмӣ мубодилаи афкор намуда, хостори тақвиятёбии ҳамкориҳои мутақобилан судманд гардиданд.


Вохӯрии Раиси Вилояти Суғд бо намояндаи СУТ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед