Ru  | Tj
Ҳамлаи ҳаросафкани Сиистону Балучистони Эрон 28 кушта барҷо гузошт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамлаи ҳаросафкани Сиистону Балучистони Эрон 28 кушта барҷо гузошт
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳамлаи ҳаросафкани Сиистону Балучистони Эрон 28 кушта барҷо гузошт

Нашр шуд

Дар ҳамлаи ҳаросафкани рӯзи гузашта ба шаҳракҳои Роск ва Чобаҳор дар Сиистону Балучистони Эрон 28 кас кушта ва беш аз 40 кас захмӣ шуданд.

Эраҷ Зорибон, раиси Донишкадаи улуми пизишкии Чобаҳор эълом кард, ки дар ҳамлаи ҳаросафкан дар Чобаҳор ва Роск 44 кас захмӣ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Тасним" аз Зоҳидон, Эраҷ Зорибон зимни тавзеҳи ахири вазъи маҷруҳшудагон дар ҳамлаи ҳаросафкани шаби гузашта дар Чобаҳор ва Роск гуфт: "Дар пайи ҳамлаи ҳаросафкани шаби гузашта дар Чобаҳор ва Русак 44 кас маҷруҳ шуданд. Беморхонаи Чобаҳор, ки ба 29 нафари онҳо кумаки тиббии сарироҳӣ расонида шуд, ҷавоб доданд".

Вай афзуд, ки аз ин шумора дар ҳоли ҳозир 15 нафар бемор дар бемористон қарор доранд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, теъдоде аз ҳаросафканҳои мусаллаҳ субҳи рӯзи 4-уми апрел ҳамзамон 5 макони ҷамъиятӣ ва пойгоҳи низомиву интизомӣ дар шаҳрҳои Чобаҳор ва Роски вилояти Сиистону Балучистонро мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ки дар пайи амалиёти неруҳои хушкигарди Сипоҳи посдорони Эрон 18 ҳаросафкан ва ҷинояткори мусаллаҳ кушта, ҳамчунин 10 неруи амниятиву низомӣ низ ба ҳалокат расиданд.

Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи ҳаросафкани "Ҷайш ал-Адл" ба дӯш гирифт. Ин гурӯҳ расман эълон кард, ки ҳамлаҳои густарда ва ҳамоҳангшуда алайҳи пойгоҳҳои низомиро дар се шаҳр - Роск, Чобаҳор ва Сарбози Сиистону  Балучистони Эрон анҷом дод.

Бояд гуфт, ки ҳамлаҳои бомдоди рӯзи 4-уми апрел яке аз бузургтарин даргириҳо байни "Ҷайш ал-Адл" ва неруҳои низомии Эрон аст.

Хотиррасон мекунем, ки 17-уми январи соли равон Эрон аз ҳамла ба мавқеъҳои ин гурӯҳ дар Балучистони Покистон хабар дод, ки дар пайи он ҳамлаи ҷавобии Покистон ба устони Сиистону Балучистони Эрон 9 кушта бар ҷой гузошт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед