Ru  | Tj
Ҳарбиёни пойгоҳи 201 ба аёдати охири муҳосиршудаи Ленинград дар Тоҷикистон омаданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳарбиёни пойгоҳи 201 ба аёдати охири муҳосиршудаи Ленинград дар Тоҷикистон омаданд
Расм аз Азия-плюс

Ҳарбиёни пойгоҳи 201 ба аёдати охири муҳосиршудаи Ленинград дар Тоҷикистон омаданд

Нашр шуд

Низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201 дар Тоҷикистон ҷойгиршуда ба муносибати 77-умин солгарди озодкунии шаҳри Ленинград аз муҳосираи фашистон ветеран ҶБВ Олег Дмитриевич Соболевро, ки дар ин ҷанг мубориза бурдааст ба аёдаташ омададнд ва бо тантана табрик намуданд.

Қаҳрамон Олег Соболев ҷангр дар синни 17 солаги аз Ленинград оғоз намуда то Чехия баъд то Берлин расида бо зафар баргаштааст. Олег Дмитриевич 96 сол дорад ва охирин ветерани муҳосиршудаи Ленинград дар Тоҷикистон мебошад.

Низомиён бо шеъру суруд  ба хонаи қаҳрамон омада баъдан сурудҳои дустдоштаи давраи ҷавонии ҷанговар дар назди ҳавлии хонааш бо оркестр иҷро намуданд.

Олег Дмитриевич Соболев бо орденҳои  “барои ҳимояи Ленинград” дараҷаи 1, озодкунии Прага, Ғалаба бар Германия ва ғ. сарфарозонида шудааст.

Низомиёни Русия собиқадори 108-соларо дар Тоҷикистон табрик карданд ва паради шахсӣ барпо намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед