Ru  | Tj
Артиши Исроил аз кушта шудани Яҳё Санвор хабар дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Артиши Исроил аз кушта шудани Яҳё Санвор хабар дод

Артиши Исроил аз кушта шудани Яҳё Санвор хабар дод

Нашр шуд

Артиши Исроил марги Яҳё Санвор, раҳбари сиёсии Ҳамосро таъйид кард.

Дар баёнияи артиши Исроил гуфта мешавад, ки дар ҷараёни амалиёти нерӯҳояш дар навори Ғазза се "террорист" кушта шудаанд ва яке аз онҳо Яҳё Санвор мебошад.

Ҷунбиши Ҳамос то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст.
Хабаргузории Reuters низ хабар дод, ки далелҳои ДНК дар мавриди марги эҳтимолии Санвор таҳқиқ мешаванд. Исроил намунаҳои ДНК-и Санворро аз замони дар зиндон буданаш дар ихтиёр дорад.

Ин расона аз қавли радиои артиши Исроил навишт, ки нирӯҳои ин кишвар дар ҷараёни як амалиёти заминӣ дар шаҳри Рафаҳ дар ҷануби навори Ғазза се ҷангҷӯро кушта ва ҷасади онҳоро бо худ бурданд.

Бар асоси ин гузориш, далелҳои аёнӣ нишон медиҳанд, ки яке аз ин афрод эҳтимол Санвор будааст.

Бояд гуфт, ки Исроил Яҳё Санворро ҳамчун тарроҳи асосии ҳамлаи 7 октябри соли 2023 ба ин кишвар медонад. Аз он вақт инҷониб Санвор дар садри рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи Исроил қарор дорад.

Бояд гуфт, ки баъди кушта шудани Исмоил Ҳания дар Теҳрон Яҳё Санвор раҳбари дафтари сиёсии Ҳамос интихоб шуд.изменено 09:07




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед