Ru  | Tj
Арзиши роҳкиро барои донишҷӯён ва наврасон маълум шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Арзиши роҳкиро барои донишҷӯён ва наврасон маълум шуд
Акс: Интернет

Арзиши роҳкиро барои донишҷӯён ва наврасон маълум шуд

Нашр шуд

Дар шаҳри Душанбе аз 10-уми ноябр нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ боло  меравад. Дар робита ба ин арзиши тарофаҳои тахфифии «City Card» низ тағйир меёбанд.

Бинобар маълумоти "Азия-плюс", арзиши тарофаҳои тахфифии «City Card» барои донишҷӯёну кӯдакон ба таври зайл иваз мешаванд:

- Арзиши тарофаи "Наврас"-дар автобус 90 дирам, дар троллейбус 75 дирам хоҳад шуд. Тахфиф барои кӯдакони аз 5 то 10 сола пешбинӣ гардидааст;

- Нархи тарофаи "Донишҷӯ"- дар автобус 1с.29д. ва дар троллейбус 1с.50д. мешавад. Тахфиф ба донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт пешбинӣ шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки дар робита ба истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ тибқи қонунгузории кишвар кӯдакони аз синни 10 то 18 сола ягон имтиёз надоранд, лекин онҳо метавонанд тарофаи нимсола ва ё яксолаи "Хонанда"- ро дастрас намоянд.

Илова мегардад, агар ба суратҳисоби корти "City Card" зиёда аз 90 сомонӣ маблағ гузаронда шавад, он гоҳ тарофаи "Тахфифӣ" фаъол мешавад. Арзиши роҳкиро ба воситаи тарофаи мазкур дар автобус 1с.53д. ва дар троллейбус 1с.28д. мешавад. 

Гуфта мешавад, ки аз «City Card» метавон чиптаи нимсола ва яксоларо, барои истифода дар автобус ва троллейбус, харидорӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 10-уми ноябр арзиши ғайринақдии  роҳкиро дар автобус 1с.80д. (бе корт 2с.50д.), троллейбус 1с.50д. (бе корт 2с.) ва  дар микроавтобус 2с.50д. мешавад. Инчунин, мусофирон дар таксӣ  барои 1 километр масофаи роҳ 3 сомонӣ пардохт хоҳанд кард.

Корти ягонаи «City Сard» дар шаҳри Душанбе аз 1-уми марти соли 2018 фаъол гардид.


Арзиши роҳкиро дар микроавтобусҳои Душанбе 56,5% гарон мешавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед