Ru  | Tj
Арзиши роҳкиро дар микроавтобусҳои Душанбе 56,5% гарон мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Арзиши роҳкиро дар микроавтобусҳои Душанбе 56,5% гарон мешавад
Акс: Sputnik

Арзиши роҳкиро дар микроавтобусҳои Душанбе 56,5% гарон мешавад

Нашр шуд

Дар асоси хулосаи шӯъбаи  Хадамоти зиддиинҳисории  Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе арзиши ҳақи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз 10-уми ноябр аз 0,50 то 0,90 дирам гарон карда мешавад.

Ба иттилои МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон”, бо мақсади ба эътидол овардани вазъи молиявии корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ дар шабакаи хатсайрҳои пойтахт тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон баланд карда мешаванд.

Ҳамин тавр, аз ҷониби сохторҳои ваколатдори соҳаи нақлиёт ҳаққи роҳкиро барои як мусофир ба таври ғайринақдӣ тавассути автобусҳо - 1с.80д., троллейбусҳо - 1с.50д., микроавтобусҳо - 2с.50д. ва таксиҳо ба масофаи 1 километр 3 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Зикр мегардад, ки дар ҳолати истифодаи корти яксафара ҳаққи роҳкиро ба воситаи автобусҳо 2с.50дирам ва троллейбусҳо 2 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Мақсади гарон шудани ҳаққи хизматрасонии нақлиётӣ аз ҷониби МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” бо он асоснок карда шудааст, ки дар муқоиса ба даҳ соли қаблӣ (2011) нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 110%, қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибии воситаҳои нақлиёт 90-110%, қувваи барқ 300%, нархи воситаҳои нақлиёт, инчунин пардохти андозу фондҳо ва маоши миёнаи кормандон ба маротиб зиёд шудааст. 

Ин ниҳод меафзояд, ки омилҳои дар боло зикргардида ба он оварда расондаанд, ки корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ аз ӯҳдаи рӯйпӯш намудани хароҷотҳои худ баромада наметавонанд ва қарздор ҳам шудаанд.

Маротибаи охир соли 2011 ҳаққи роҳкиро дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе  дар автобусҳо барои як мусофир 1с.20д., троллейбусҳо 0,70д (пасон 1 сомонӣ) ва микроавтобус 1с.60д муқаррар гардида буд.




Ҷавобгарӣ барои пиёдагардоне, ки қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, пурзӯр мешавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед