Ru  | Tj
Ҳашмат Ғанӣ: “Ҳамсари Ҳамидуллоҳ Муҳиб ҷосуси Хадамоти кашфи Покистон буд ва аз Арг ҷосусӣ мекард”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳашмат Ғанӣ: “Ҳамсари Ҳамидуллоҳ Муҳиб ҷосуси Хадамоти кашфи Покистон буд ва аз Арг ҷосусӣ мекард”
Акс: Интернет

Ҳашмат Ғанӣ: “Ҳамсари Ҳамидуллоҳ Муҳиб ҷосуси Хадамоти кашфи Покистон буд ва аз Арг ҷосусӣ мекард”

Нашр шуд

Ҳашмат Ғанӣ, бародари Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон, гуфт, ҳамсари Ҳамидуллоҳ Муҳиб, мушовири собиқи Шӯрои Амният ҷосуси CIA (Хадамоти кашфи Покистон) будааст.

Ҷаноби Ғанӣ дар охирин мусоҳибааш афзуда, ки Ашраф Ғанӣ бар асоси мухолифаташ бо сиёсати Амрико дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ паноҳ бурдааст. Аммо Ҳамидуллоҳ Муҳиб ҳоло бар асоси ҷосусии ҳамсараш дар Амрико қарор дорад.

Қобили ёдоварист, ки ҳамсари Ҳамидуллоҳ Муҳиб амрикоӣ аст ва гуфта мешавад, ҷаноби Муҳиб низ ба воситаи ҳамсараш мавриди эътимоди амрикоиҳо қарор гирифта будааст.

Ҳашмат Ғанӣ бародари Ашраф Ғанӣ дар замони ҳокимияти бародараш яке аз мухолифҳои сарсахти ӯ буд ва тими кории Ашраф Ғаниро фосид мегуфт.

Бояд зикр кард, ки ҳамсари Ашраф Ғанӣ низ амрикоӣ-лубнонӣ мебошад.


Манобеъ: Ашраф Ғанӣ мехоҳад ба Афғонистон баргардад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед