Ru  | Tj
Аскар Оқоев аз парлумони Қирғизистон хост мақоми раисҷумҳури пешинро ба ӯ баргардонад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аскар Оқоев аз парлумони Қирғизистон хост мақоми раисҷумҳури пешинро ба ӯ баргардонад
Акс: аз манбаъҳои боз

Аскар Оқоев аз парлумони Қирғизистон хост мақоми раисҷумҳури пешинро ба ӯ баргардонад

Нашр шуд

Нахустин раисҷумҳури Қирғизистони соҳибистиқлол Аскар Оқоев бо ирсоли нома унвонии парлумони ин кишвар дархост кард, ки ба мақоми раисҷумҳури пешин барқарор шавад.

Дар ин бора хабаргузории АКИpress бо такя ба раиси Кумитаи қонуни асосии порлумони Қирғизистон, Чолпон Султонбекова хабар медиҳад.

Номаи Оқоев ба раиси порлумони Қирғизистон, Нурланбек Шакиев 30 июли соли 2024 ирсол шудааст, аммо вакилони мардумӣ то рӯзи 1 сентябр истироҳат буданд.

Канали телеграмми “Сейчас.kg" имтиёзҳои мақоми раисҷумҳури собиқи Қирғизистонро номбар кардааст. Аз ҷумла, масунияти комил, яъне ҳам собиқ раисҷумҳур ва ҳам молу мулкаш дахлнопазиранд. Собиқ раисҷумҳурро ҳатто пурсуҷӯ кардан мумкин нест.

Дар баробари ин тибқи қонун, собиқ раисҷумҳур аз ҳимояи давлатии якумрӣ, хизматрасонии пурраи тиббӣ аз ҳисоби давлат ва ҳам барои хонаводаи ӯ, пардохти нафақаи баланд, бӯстонсарои давлатӣ барои истифодаи якумра, нафақапулии ҳармоҳа ба хонавода пас аз марги раисҷумҳури собиқ бархӯрдор аст.

Бояд гуфт, ки Аскар Оқоев Қирғизистонро аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то соли 2005 раҳбарӣ мекард.

Вақте дар ин кишвар инқилоб сурат гирифт ва Қурмонбек Боқиев ба қудрат расид, раисҷумҳури барканоршуда ва аъзои хонаводааш ба Русия фирор карданд. Оқоев дар Маскав ба фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ машғул буд.

Аскар Оқоев баъдан ба сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, хунукназарӣ дар мавриди бастани қарордод бо ширкати "Камеко" дар соли 1992 ва таҷдиди сохтори кони тилои "Кумтор" дар соли 2003 муттаҳам шуд.

Аммо дар моҳи августи соли 2021 Аскар Оқоев ба Қирғизистон баргашт ва розӣ шуд, ки бо таҳқиқи парвандаи Кумтор ҳамкорӣ кунад. Ӯ пас аз додани шоҳидӣ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо як паёми видеоӣ иштибоҳҳои худро ҳангоми тасмимгирӣ дар мавриди тарҳи "Кумтор" эътироф ва барои онҳо узрхоҳӣ кард. Соли 2023 таъқиби ҷиноӣ алайҳи Аскар Оқоев бинобар гузаштани мӯҳлати даъво қатъ карда шуд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед