Ru  | Tj
Аввалин бор. Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии “Arabian Travel Market” иштирок менамояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аввалин бор. Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии “Arabian Travel Market” иштирок менамояд
Акс: UzDayli.uz

Аввалин бор. Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии “Arabian Travel Market” иштирок менамояд

Нашр шуд

Тоҷикистон барои аввалин бор дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Arabian Travel Market” иштирок менамояд. Имсол ин намоишгоҳ дар моҳи май дар Дубай баргузор мешавад.

Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, ин матлаб дирӯз дар мулоқоти муовини аввали Раиси ин ниҳод Ҳабибулло Амирбекзода бо Иссам Казим, Мудири иҷроияи Департаменти сайёҳӣ ва тиҷорати бозаргонии Дубай таъкид шудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар ин дидор тарафҳо густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши сайёҳӣ, роҳандозии тамосҳои пайвастаи ниҳодҳои гардишгарии ду кишвар ва эҷоди ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабиро баррасӣ намудаанд.

Баргузор намудани давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва малакаандӯзӣ барои мутахассисони бахши сайёҳии Тоҷикистон дар Аморот аз шумори дигар мавзӯоте будааст, ки мавриди таваҷҷуҳи Амирбекзода ва Казим қарор гирифтааст.

Манбаъ меафзояд, ин мулоқот дар рӯзҳои баргузории Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сурат гирифтааст.

Қаблан Halva.tj хабар дода буд, ки дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии “ЭКСПО-2020” дар шаҳри Дубайи АМА аз 9-ум то 22-юми январ Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Чанд рӯз пеш дар ҳошияи ин намошигоҳ ҳамчунин Ҳамоиши сайёҳии “Эко – сайёҳӣ дар Тоҷикистон” баргузор шуда буд, ки дар он доираҳои сайёҳии Тоҷикистону Аморот ширкат намуда буданд.


Онлайн намоишгоҳи "Made in Tajikistan - 2020"


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед