Ru  | Tj
Онлайн намоишгоҳи "Made in Tajikistan - 2020"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Онлайн намоишгоҳи "Made in Tajikistan - 2020"

Онлайн намоишгоҳи "Made in Tajikistan - 2020"

Нашр шуд

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бори аввал намоишгоҳи универсалии онлайнии "Made in Tajikistan - 2020"- ро баргузор кард.

Барои иштирок дар ин чорабинӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва инчунин намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ ширкат варзиданд.

Маросими расмӣ бо сухани ифтитоҳии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед ифтитоҳ шуда, қайд карда шуд, ки мақсади асосии ин намоишгоҳ иҷрои вазифаҳои дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон истода мебошад, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карда шуданд. 

Ин иқдом имконияти хубе барои таблиғи маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷик ва барои ба бозорҳои хориҷӣ баромадани онҳо, рушди иқтидори содиротӣ, кушодани бозорҳои нави маҳсулот, тавсеаи ҳамкориҳои ширкатҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ, инчунин ҷалби сармоя равона шудааст. 

Дар намоишгоҳ маҳсулот ва хидматҳои беш аз 150 ширкат дар соҳаҳое ба монанди саноати хӯрокворӣ ва сабук, сохтмон, нақлиёт, хидматрасонӣ, ҳунармандӣ, сайёҳӣ намоиш дода мешаванд. Дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳои BxB, инчунин мизҳои мудаввар бо иштироки чаканафурӯшони кишварҳои хориҷӣ ташкил карда мешаванд. 

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ аз 26 ноябр то 17 декабри соли 2020 дар WWW.EXPOTAJIKISTAN.TJ идома меёбад.

ВКД бо дигар мақомотҳои дахлдор ба тарбияи ноболиғон машғул мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед