Ru  | Tj
Аз тахтаву семент то орду шакар. Кумаки Президент ба Исфараву Ғафуров расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз тахтаву семент то орду шакар. Кумаки Президент ба Исфараву Ғафуров расид
Акс: SugdNews

Аз тахтаву семент то орду шакар. Кумаки Президент ба Исфараву Ғафуров расид

Нашр шуд

Корвони мошинҳои ҳомили кумаки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии оилаҳои зарардида аз низоъҳои марзӣ вориди вилояти Суғд шуд.

Андар Раҳмонӣ, корманди масъули Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ки ин кумакҳо бо 45 мошини калони боркаш ба вилоят расонида шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Сарвари давлат ба оилаҳои зарардида аз низоъҳои марзӣ кумакҳои моддӣ иборат аз маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, 1500 метри мураббаъ фанер ва гипсокартон, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар ба шаҳри Исфара расидааст.

Манбаъ меафзояд, ин маҳсулот  асосан ба сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кӯлканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигаронида шудаанд.

Ҳамчунин, зикр гардидааст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва соҳибкорони ватандӯсту шахсони саховатпеша низ расондани кумакҳои башардӯстона ба оилаҳои зарардида идома дорад.

Бояд гуфт, ки дар низоъҳои марзии ахир, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, неруҳои қирғиз ба хонаҳои сокинон ва иншооти мулкӣ ҳамла овардаву бисëреро бо  истифода аз силоҳҳои мухталиф вайрону валангор карданд.


Дар вилояти Суғд ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмаки пулӣ менамоянд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед