Ru  | Tj
Пайрав Воҳидов: “Муқобили Тайланд танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳем кард”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пайрав Воҳидов: “Муқобили Тайланд танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳем кард”
Акс: аз манбаъҳои боз

Пайрав Воҳидов: “Муқобили Тайланд танҳо барои ғалаба бозӣ хоҳем кард”

Нашр шуд

Дастаи яккачини футзали Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими мизбон - Тайланд бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи 26-уми апрел дар шаҳри Бангкок, дар варзишгоҳи "Hua Mark Indoor" баргузор мешавад.

Сармураббии дастаи миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов дар остонаи бозӣ бо дастаи Тайланд рӯзи 25-уми апрел натиҷаи бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Афғонистонро шарҳ дода, интизориҳои худро аз бозӣ бо дастаи Тайланд иброз дошт.

Воҳидов таъкид кард, ки дар бозӣ бо Тайланд дастаи Тоҷикистон танҳо барои пирӯзӣ талош хоҳад кард. Вай дар нишасти хабарӣ гуфт, “дастаи мо бори аввал дар таърихи худ дар марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Осиё иштирок мекунад. Моро бо мизбони мусобиқа - Тайланд бозии душвор интизор аст. Ин яке аз қавитарин дастаҳои қора мебошад, ки ду сол қабл дар Ҷоми Осиё дар Кувайт бо онҳо рӯбарӯ шуда будем. Мо барои ғалаба то сонияҳои вопасин мубориза мебарем. Фардо дастае, ки камтар иштибоҳ мекунад, пирӯз мешавад”.

Бояд гуфт, ки дастаи яккачини футзали Тоҷикистон бо пирӯзӣ бар тими миллии Афғонистон бо ҳисоби 2:1 аввалин бор ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон шуд.

Дастаи миллии Тайланд дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дастаи миллии Ироқро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ расид ва бори ҳафтум соҳиби роҳхат ба Қаҳрамонии ҷаҳон шуд.

Тими миллии футзали Тайланд соли 2008 ба даври ниҳоии Қаҳрамонии Осиё роҳ ёфта буд, аммо дар бозии ниҳоӣ аз тими Эрон бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуд.

Дар ду бозии дигари даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок рӯзи 24-уми апрел тими миллии Эрон дастаи яккачини Қирғизистонро бо ҳисоби 6:1 ва дастаи Узбекистон тими Ветнамро бо ҳисоби 5:1 шикаст доданд.

Ҳамакнун дар даври ниманиҳоӣ 26-уми апрел Узбекистон бо Эрон рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки аз 16 дастаи яккачин дар  марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, аз гурӯҳи “А” Тайланд ва Ветнам, аз гурӯҳи “В” Узбекистон ва Ироқ, аз гурӯҳи “С” Тоҷикистон ва Қирғизистон ва аз гурӯҳи “D” Эрон ва Афғонистон ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Қобили зикр аст, ки дастаи яккачини футзали Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат карда ва бори аввал ба даври ниманиҳоии ин мусобиқа роҳ ёфт.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро барпо мегардад, роҳхат мегиранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед