Ru  | Tj
Қазоқистон транзити гази Русия ба Узбекистонро тақрибан 4 баробар афзоиш медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қазоқистон транзити гази Русия ба Узбекистонро тақрибан 4 баробар афзоиш медиҳад
Акс: аз манбаъҳои боз

Қазоқистон транзити гази Русия ба Узбекистонро тақрибан 4 баробар афзоиш медиҳад

Нашр шуд

Вазорати энергетикаи Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки аз соли 2026 ҳаҷми солонаи транзити гази табиъии Русия ба Узбекистонро ба 11 милярд метри мукааб расонад.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба маводи ҷаласаи Вазорати энергетикаи Қазоқистон хабар дод.

Тибқи ин хабар, транзити газ аз тариқи лӯлаи гази "Осиёи Марказӣ - Марказ" аз соли 2026 то 11 милярд метри мукааб дар сол афзоиш хоҳад ёфт.

Бояд гуфт, ки ҷонибҳо дар бораи интиқоли гази Русия ба Узбекистон тавассути Қазоқистон аз моҳи октябри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарордоди дусола имзо карданд. 

Намояндагони «Газпром Экспорт», «УзГастрейд» ва Вазорати энергетикаи Узбeкистон дар заминаи фурӯши 2,8 милярд метри мукааб газ дар як сол ба мувофиқа расиданд. 

Моҳи июни соли гузашта "Газпром" ва ширкати қазоқии "QazaqGaz" дар мавриди транзити газ ба Узбeкистон ба мувофиқа расиданд. "QazaqGaz" эълон кард, ки аз октябри соли 2023 интиқоли гази Русияро ба Узбекистон оғоз шуд.

Бояд гуфт, ки моҳи феврали соли 2023 ҳукумати Узбекистон тасмим гирифт, ки хариди гази Русияро афзоиш диҳад. 

Қарор аст, интиқоли гази Русия ба Узбекистон дар як шабонарӯз аз 9 милён ба 32 милён метри мукааб афзоиш ёбад, ки дар сол бештар аз 11 милярд метри мукааб газро ташкил хоҳад дод.

Ҳамзамон барои зиёд кардани ҳаҷми транзити гази Русия Узбекистон тасмим гирифтааст, ки соли 2024 ба таҷдиди шабакаҳои лӯлаҳои газ дар ин кишвар оғоз мекунад.

Гуфтанист, Узбекистон ба воридоти гази  Русия ба бозори дохилӣ манфиатдор аст, то масрафи афзояндаи газ дар дохили ин кишварро пӯшонад.

Бар асоси омори расмӣ соли 2023 истихроҷи газ дар Узбекистон нисбат ба соли 2022 тақрибан 10 дарсад кам шуда, ба 46,7 милярд метри мукааб баробар шуд.

Аз сӯйи дигар дар Узбекистон тақрибан 85 дарсади неруи барқ дар неругоҳҳои ҳароратӣ, ки асосан бо гази табиъӣ кор мекунанд, тавлид мешавад.

Бо назардошти ин дар фасли зимистон Узбекистон бо камбуди газ дар ҳаҷми 20 милён метри мукааб дар шабонарӯз рӯбарӯ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки то соли 2020 худи Узбекистон ба ширкати "Газпром"-и Русия газ мефурӯхт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед