Ru  | Tj
Ба Кодекси ҷиноятии ҶТ оид ба таълимоти динии ғайриқонунӣ тағйирот ворид гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ба Кодекси ҷиноятии ҶТ оид ба таълимоти динии ғайриқонунӣ тағйирот ворид гардид
Акс: Интернет

Ба Кодекси ҷиноятии ҶТ оид ба таълимоти динии ғайриқонунӣ тағйирот ворид гардид

Нашр шуд

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ҷаласаи Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, рӯзи гузашта таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода нишасти Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар доираи ҷаласа лоиҳаи Қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди муҳокима қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 3341 илова мешавад.

Тиқи моддаи мазкур, минбаъд ҷиҳати хилофи қонун роҳандозӣ намудани таълимоти динӣ, минҷумла тариқи шабакаҳои интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва дар давоми сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар мегардад.

Вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода илова намудааст, ки лоиҳаи мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Зикр мегардад, ки Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат намекунад ва аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб надорад.




Рустами Эмомалӣ дар Рӯзи омӯзгор ба муаллимони фаъоли пойтахт мукофотпулӣ дод

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед