Ru  | Tj
Бадахшон дар оянда ба шимоли Покистон неруи барқ хоҳад фурӯхт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бадахшон дар оянда ба шимоли Покистон неруи барқ хоҳад фурӯхт
Акс: "Пайғоми Рӯшон"

Бадахшон дар оянда ба шимоли Покистон неруи барқ хоҳад фурӯхт

Нашр шуд

Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон бо ҳузури Далер Ҷумъа, вазири неру ва манобеъи оби Тоҷикистон ва Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ маросими оғози сохтмонсозии зеристгоҳи нави барқии “Вомар” баргузор шуд. Дар ин бора нашрияи “Пайғоми Рӯшон” хабар дод.

Гуфта мешавад, ки дар чаҳорӯби Созишномаи миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо аз сӯйи ширкати “Помир Энерҷӣ” дар ноҳияи Рӯшон боз як зеристгоҳи нави 110кВ “Вомар” бунёд мегардад. Корҳои асосии сохтмонсозӣ дар ин иншоот моҳи июни соли 2024 оғоз гардида, моҳи марти соли 2025 ба анҷом расонда мешаванд.

Зеристгоҳи барқии мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Самаранокии энержӣ ва энержии барқароршаванда дар хона ва саноат”  бунёд мегардад, ки ҳазинаи умумии ин лоиҳа 4.5 милён евро аст.

Далер Ҷумъа, вазири неру ва манобеъи об зимни суханронӣ дар ин маросим гуфт, ки бо бунёди зеристгоҳи барқи “Вомар” ноҳияи Рӯшон минбаъд ҳамчун маркази тақсимоти қувваи барқ хоҳад гардид.

Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, сохтусози зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқи 110 кВ дар айни замон хеле муҳим буда, имкон медиҳад, ки бо анҷоми сохтмонсозии НБО-и “Себзор” ва дар оянда сохтусози нерӯгоҳҳои барқобии “Чарсем” дар ноҳияи Шуғнон ва “Санобод” дар ноҳияи Рӯшон на танҳо ВМКБ комилан бо барқ таъмин мешавад, балки неруи барқи изофӣ ба ҳудуди Афғонистон ва қисмати шимолии Покистон содирот карда мешавад.

Ҳамзамон Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зикр кард, ки ин вилоят нисбати дигар манотиқи Тоҷикистон ба неруи барқ беҳтар таъмин аст ва сохтусози неругоҳҳои "Себзор" ва "Санобод" имкон хоҳад дод, ки рушди саноат дар ВМКБ суръати тоза касб кунад. Ба гуфтаи вай,  соли ҷорӣ интизор аст, ки дар қаламрави  ВМКБ 50 корхонаи саноатии нав сохта шавад, ки фаъолияти онҳо бо таъминоти неруи барқ бастагӣ дорад.

Қобили зикр аст, ки дар асоси имтиёзнома бо ҳукумати Тоҷикистон назорати шабакаҳои барқии ВМКБ то соли 2027 дар ихтиёри ширкати байнулмилалии «Помир Энержӣ» аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед