Ru  | Tj
Баёни ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоко Видодо

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баёни ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоко Видодо

Баёни ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоко Видодо

Нашр шуд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо бино ба ғарқи киштии зериобии Қувваҳои низомии баҳрии  Ҷумҳурии Индонезия дар баҳри Балӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дар натиҷаи он барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Дар барқияи изҳори тасаллии Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла чунин омадааст: “Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба мардуми дӯсти Индонезия изҳор намуда, бо арзи тасаллиёти самимӣ ба наздикону пайвандони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед