Ru  | Tj
Беш аз 22 дарсади тиҷорати хориҷии Қазоқистон ба Чин рост меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 22 дарсади тиҷорати хориҷии Қазоқистон ба Чин рост меояд
Акс: аз манбаъҳои боз

Беш аз 22 дарсади тиҷорати хориҷии Қазоқистон ба Чин рост меояд

Нашр шуд

Мубодилоти тиҷории Қазоқистон бо Чин дар як соли гузашта беш аз 30% афзоиш ёфтааст.
 
Дар соли 2023 гардиши тиҷорати Қазоқистон бо Чин 31,5 милярд доларро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 30,4% бештар аст. Дар бора вебгоҳи finprom.kz хабар медиҳад.
 
Гуфта мешавад, ки аксарияти муомилоти молро чун анъана воридот ташкил дод, ки ба 16,8 милярд долар расида, 52,7 дарсад зиёд шуд.
 
Дар ҳамин ҳол содирот аз Қазоқистон ба Чин дар як сол 11,7% афзуда, ба 14,7 милярд доллар расид.
 
Зикр мешавад, ки саҳми Чин дар сохтори умумии савдои хориҷии Қазоқистон 22,5 дарсад расида, дар сохтори воридот 27,4 дарсад ва содирот 18,7 дарсадро ташкил дод.
 
Дар соли 2023 Қазоқистон бо Чин ба маблағи 31 милярду 482 милён долар тиҷорат кардааст. Ин нисбат ба як соли пеш 7,278 милярд долар ё 30,1% зиёд аст.
 
Дар идома гуфта мешавад, ки Қазоқистон бештар ба Чин нафт, маҳсулоти нафтӣ, мис, гази табиъӣ, маҳсулоти кимиёии ғайриорганикӣ, пайвастагиҳои металҳои нодир ва элементҳои радиоактивиро содир кардааст.
 
Аз Чин ба Қазоқистон бештар аз ҳама либос, телефонҳои мобилӣ ва мошинҳо воридот шудааст.
 
Аз сӯйи дигар тибқи омори Идораи гумруки Чин, гардиши мол миёни Қазоқистон ва Чин дар соли 2023 аз 41 милярд долар гузаштааст.
 
Гуфтанист, тибқи омори расмӣ гардиши савдои хориҷии Қазоқистон соли 2023 наздики 140 милярд доларро ташкил дода, Чин ва Русия шарикони асосии тиҷоратии Қазоқистон маҳсуб мешаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед