Ru  | Tj
Бо мошинҳои обкашӣ сокинонро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунанд: эълони қатъи об дар Душанбе

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бо мошинҳои обкашӣ сокинонро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунанд: эълони қатъи об дар Душанбе
Акс: Новости Центральной Азии

Бо мошинҳои обкашӣ сокинонро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунанд: эълони қатъи об дар Душанбе

Нашр шуд

Барои омодагӣ ба гузаронидани фасли тирамоҳу зимистони соли 2021-2022 дар канали дереватсионии «Силсила нерӯгоҳҳои барқӣ обии Варзоб» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизот гузаронида мешавад. Дар ин бора Хадамоти раиси шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

"Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» бо мақсади иҷрои корҳои банақшагирифташуда интиқоли оби нӯшокиро ба истеъмолкунандагон аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Фишорӣ» ва «Худҷореъ» 23-уми июли соли 2021, аз соати 01:00 то соати 24:00 тибқи рӯихати замимагардидаи 3 қатъ намояд"- қарор кард раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ.

Айни ҳол дастрасӣ ба об дар маҳаллаи Шараф, Ал-Берунӣ, дар Маркази милии тиббӣ "Шифобахш" (Қарияи Боло), дар боғи марказии ҳайвонот, дар майдони варзиши ҷумҳуриявӣ, дар "Кохи Наврӯз", дар хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаҳо воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи Самад Ғанӣ), дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар кӯчаҳои Спортивная, Мирзо Турсунзода, Шевченко, Шероз, Саид Носир, Шоҳтемур, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдулло Командир, Маҳмадулло Холов, Лоиқ Шералӣ, Ғанӣ Абдулло, Азизбеков, Фазлиддин Шаҳобов, Лев Толстой, Мирсаид Миршакар, Ҳофизи Шерозӣ, Пушкин ва Теҳрон қатъ гардидааст.

Ҳамчунин, об дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Бадахшон 1, 2,10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 и 2, Испечак 1 и 2, Муҳандис, Меҳробод, Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхога, Ҳаёти нав, Карамиршикор ҳам намешавад.

Дар кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Неъмат Қаробоев ва маҳаллаҳои 23,24, Равшангарон, Дарвоз ва Яккачинор низ об муддати як шабонарӯз қатъ мегардад.

Бо дастури шаҳрдор директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе муаззаф гардиданд, ки бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳоро бо оби нӯшокӣ таъмин кунанд.

"Барқи тоҷик": Барқи мунтазам таъмин карда мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед