Ru  | Tj
БОР Завқизода Завқиро бо Сертификати беҳтарин Гурӯҳи татбиқи лоиҳа қадрдонӣ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

БОР Завқизода Завқиро бо Сертификати беҳтарин Гурӯҳи татбиқи лоиҳа қадрдонӣ намуд
Акс: Sputnik

БОР Завқизода Завқиро бо Сертификати беҳтарин Гурӯҳи татбиқи лоиҳа қадрдонӣ намуд

Нашр шуд

Дирӯз муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Абдураҳмонзода Абдураҳмон сардори Шуъбаи идораи лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) Родора Консепсиёнро ба ҳузур пазируфт.

Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар медиҳад, намояндаи БОР барои татбиқ ва ҷамъбасти лоиҳаи "Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ" ба Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Завқизода Завқӣ Сертификати беҳтарин Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи БОР-ро тақдим кардааст.

Зимнан, дар ҷараёни вохӯрӣ муовини Вазир ба намояндаи БОР марҳилаи дувуми лоиҳаи "Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ"-ро ба мақсади маблағгузорӣ шудан пешниҳод намудааст.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои дастрас дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баён доштаанд.

Қобили қайд аст, ки "Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" 1-уми сентябри соли 2020 фаъол шуда буд.

Равзанаи мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи "Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ" таъсис ёфта буд, ки 11 мақомоти дахлдори давлатӣ шомили он мебошанд.


Завқизода аз сафирони тоҷик хост, ки имконоти иқтисодии кишварро беҳтар муаррифӣ намоянд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед