Ru  | Tj
Боз Душанбе мизбон. Дар Тоҷикистон Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон оғоз мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боз Душанбе мизбон. Дар Тоҷикистон Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон оғоз мешавад
Акс: Sputnik

Боз Душанбе мизбон. Дар Тоҷикистон Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон оғоз мешавад

Нашр шуд

Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни наврасони то 15-сола  баргузор мегардад. 

Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, ин мусобиқа 17-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз меёбад ва дар он чаҳор даста байни ҳам сабқат мекунанд. 

Гуфта мешавад, дар Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон (U-15) дар Душанбе дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат менамоянд ва  тибқи муқаррарот бозиҳо дар як давр баргузор шуда,  ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бадастоварда муайян мегардад.

Манбаъ мегӯяд, дар Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон аз 17-ум то 24-уми ноябр дар Душанбе дар маҷмӯъ 6 бозӣ доир мешавад ва ҳамаи бозиҳо бо ширкати мухлисон мегузаранд. 

Лозим ба зикр аст, ки тобистони имсол Чемпионати CAFA-2021 миёни духтарони зери синни 17 (U-17) низ дар Душанбе ва дар Варзишгоҳи марказӣ баргузор шуда буд. 

Коршиносони варзиш мегӯянд, баргузор гардидани ин гуна мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди футболи кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. 


Зан ва тиҷорат. Дар Душанбе ҳамоиши бонувони соҳибкор баргузор мешавад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед