Ru  | Tj
Боз як нерӯгоҳи обӣ барқӣ дар Вахш

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боз як нерӯгоҳи обӣ барқӣ дар Вахш
Фото: Wikipedia.org

Боз як нерӯгоҳи обӣ барқӣ дар Вахш

Нашр шуд

Дар дарёи Вахш, корҳо барои сохтани боз як нерӯгоҳи дигари обӣ дар оғоз ёфт.

Арзиши Нерӯгоҳи барқи обии Шӯроб тақрибан 1 миллиард долларро ташкил медиҳад. Қайд карда мешавад, ки дар баробари ин, корҳо барои дарёфти маблағ барои сохтмони иншооти мазкур идома доранд. 

Асосноккунии техникӣ-иқтисодии нерӯгоҳи барқи обии Шуроб бо иқтидори тақрибан 862 МВт аз ҷониби Ширкати Алюминийи Тоҷик (ТАЛКО) бо ҷалби як ширкати машваратӣ сурат мегирад.

Нерӯгоҳи Шӯроб барои таъмини ТАЛКО бо нерӯи барқи худ ва гирифтани бетанаффуси он шароити мусоид фароҳам меорад.

Нерӯгоҳи Шӯроб дар 110-километрии шарқи Душанбе дар дарёи Вахш байни НБО Роғун ва Норак сохта мешавад. 

НБО марҳилаи ҳаштуми силсилаи стансияҳо дар дарёи Вахш хоҳад буд, ки аз нӯҳ НБО иборат аст, ки ҳафттои он пурра сохта шудаанд (Норак, Байпазинская, Сангтуда-1, Сангтуда-2, Головная, Перепадная ва Централная), дар ҳоле ки сохтмони НБО Роғун идома дорад. 

Баландии сарбанди Шуроб 83 метр, ҳаҷми обанбор 77 миллион метри мукааб хоҳад буд, ва иқтидораш 862,5 то 1 ҳазор МВ/Т мебошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед