Ru  | Tj
Боздошти 2,7 тон доруи қочоқшуда аз Қирғизистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боздошти 2,7 тон доруи қочоқшуда аз Қирғизистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Боздошти 2,7 тон доруи қочоқшуда аз Қирғизистон

Нашр шуд

Кормандони гумрук дар вилояти Суғд аз қочоқи 2,7 тон маводи доруворӣ пешгирӣ карданд.

Хабаргузории расмии "Ховар" иттилоъ дод, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон аз  қочоқи маводи доруворӣ дар ҳаҷми 2,7 тон дар вилояти Суғд ҷилавгирӣ карданд.

Ба иттилоъи ин манбаъ, зимни баргузории амалиёти гумрукӣ ва ҷустуҷӯйӣ аз сӯйи кормандони шуъбаи мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукии раёсати гумруки вилояти Суғд худрави тамғаи «Мерседес-Бенс Спринтер», таҳти идораи ронанда, шаҳрванд Б.М, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд боздошт гардид.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили бордони василаи нақлияи боздоштгардида маводи дорувории гуногунтамғаи истеҳсоли Русия ба миқдори 1326 қуттии гуногунҳаҷм ошкор шуд. Аз ҷумла дар ин миён доруи «Кларитромисин CP» 500 мг-198 қуттӣ бо вазни 374,3 кг, «Каптоприл 50 мг»-192 қуттӣ бо вазни 277,92 кг, «Каптоприл 25 мг»- 413 қуттӣ бо вазни 1040 кг, «Протозидим» (сефтазидим) 1.0 гр-45 қуттӣ бо вазни 233,1 кг, «Метформин» 850 мг-38 қуттӣ бо вазни 204,44 кг ва «Ципрофлоксацин» 100 мл-440 қуттӣ бо вазни 580,8 кг дарёфт ва мусодира гардид.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки маводи доруворӣ ба шаҳрванд З.М. тааллуқ дошта, барои ба расмияти гумрукӣ даровардан ягон санади расмӣ, аз ҷумла эъломияи бори гумрукӣ ва санади мутобиқати сифат надошта, маводи доруворӣ ба таври қочоқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Тибқи хулосаи сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, маводи доруворӣ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ аст, аммо дорои гувоҳиномаи мутобиқати сифат нест. Арзиши умумии маводи дорувории боздоштгардида беш аз 700 ҳазор сомонӣ аст.

Гуфта мешавад, ки дар робита ба ин рухдод нисбати шаҳрванд З.М ва дигар афроди боздоштшуда тибқи моддаи 289, қисми 2,  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба Додситонии вилояти Суғд ирсол гардид.

Бояд гуфт, ки қисми 2, моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни онро пешбинӣ кардааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед