Ru  | Tj
Бузургтарин фурӯшгоҳи Душанбе бо ҳузури Президент ва Раиси шаҳр ифтитоҳ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин фурӯшгоҳи Душанбе бо ҳузури Президент ва Раиси шаҳр ифтитоҳ шуд
Акс: SNG.fm

Бузургтарин фурӯшгоҳи Душанбе бо ҳузури Президент ва Раиси шаҳр ифтитоҳ шуд

Нашр шуд

Бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин фурӯшгоҳ ва маркази тафреҳӣ дар Душанбе ба баҳрабардорӣ расид.  

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ 19-уми ноябр дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази савдову хидматрасонӣ ва тафреҳии “Сиёма молл”-ро ифтитоҳ карданд. 

Ин Марказ, ки аз бузургтарин фурӯшгоҳ ва макони хидматрасониву тафреҳӣ дар кишвар унвон мешавад, аз тарафи Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Авесто Гурӯҳ” бунёд ёфта, иборат аз се табақа аст ва майдони умумии он беш аз 3,5 гектарро ташкил медиҳад.

Манбаъ гуфтааст, дар “Сиёма молл” 86 нуқтаи фурӯшу тиҷорат, хидматрасонӣ, толору мағоза ва марказҳои дилхӯшию фароғатӣ мавҷуд аст ва кор дар он тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Масъулин таъкид доштаанд, ки ҳадаф аз бунёди “Сиёма молл” пеш аз ҳама пешниҳоди хидматрасонии муосир ва мутобиқсозии хидмарасониҳо ба талаботи имрӯз аст. 

Корҳои сохту сози ин фурӯшгоҳи бузург дар пойтахти Тоҷикистон дар аввали соли 2019-ум оғоз ёфта буд. 

Ширкати “Авесто гурӯҳ” дар бахшҳои гуногун дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Аз ҷумла, ин ширкат соли гузашта “Комбинати орди Душанбе”-ро фаъол намуда буд. Ҳамчунин “Авесто гурӯҳ” молики корхонаи тавлиди обҳои нӯшокии “Сиёма” аст, ки маҳсулоти он дар Тоҷикистон ба таври густарда таблиғ мешавад. Кортҳои пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе низ аз ҷониби ин ширкат роҳандозӣ гаштааст. 


Аз мактаб то коллеҷу беморхонаи сироятӣ ва корхонаи равған. Ифтитоҳи иншоотҳои нав дар Данғара



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед