Ru  | Tj
Чаро сарвари Ёқутистон - Айсен Николаев диаспораи тоҷиконро ситоиш намуд?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чаро сарвари Ёқутистон - Айсен Николаев диаспораи тоҷиконро ситоиш намуд?
Акс: Интернет

Чаро сарвари Ёқутистон - Айсен Николаев диаспораи тоҷиконро ситоиш намуд?

Нашр шуд

Имрӯз, 24-уми июн сарвари Ёқутистон Айсен Николаев бо Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, Давлатхоҷа Ятим мулоқоти расмӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ёқутистон, дар ҷараёни вохӯрӣ, ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ёқутистонро дар соҳаи тиҷорату иқтисод ва фарҳангу илмҳои гуманитарӣ баррасӣ намуда, ҳамчунин, масъалаи танзими раванди муҳоҷирати меҳнатиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Роҳбари Ёқутистон шарҳ дод, ки диаспораи тоҷик дар минтақа ташаббусҳоро дар самти таҳкими сулҳ ва ризоият байни миллатҳо, тақвияти муносибатҳои байналмиллалӣ, фарҳанг ва варзиш фаъолона амалӣ менамояд. Ташкилоти ҷамъиятии намояндагони Тоҷикистон корҳои хайриявиро фаъолона роҳандозӣ намудааст, ки он ба қадри имкон ба оилаҳои камбизоат ва мактаби Мархин кӯмаки башардӯстонаи худро мерасонад.

Дар навбати худ, намояндаи Тоҷикистон Давлатхоҷа Ятим қайд намуд, ки дар сатҳи кунунӣ қарор доштани муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия -ин натиҷаи шарикии стратегӣ, равобити дӯстона байни кишварҳо мебошад ва ин муносибатҳо соҳаи сиёсиву иқтисодии кишварҳоро ба натиҷаҳои назаррас мерасонанд.



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед