Ru  | Tj
Чин дар Тоҷикистон 6 млрд сомонӣ сармоягузорӣ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин дар Тоҷикистон 6 млрд сомонӣ сармоягузорӣ мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

Чин дар Тоҷикистон 6 млрд сомонӣ сармоягузорӣ мекунад

Нашр шуд

Соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин санадҳои нави ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ имзо карданд.

Хабаргузории «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 21-уми июн дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин баргузор гардид, ки дар он беш аз 150 нафар соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар ширкат доштанд.

Дар фарҷоми ин ҳамоиш асноди нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар заминаи сохтмони корхонаи маъдани оҳан дар кони «Шоҳқадамбулуқ», таъмин ва насби иншооти сатҳи байналмилалӣ дар варзишгоҳи нав дар Душанбе, воридоти мошинҳои барқӣ барои хизматрасонии таксӣ дар Душанбе, сохтмони маркази логистикӣ ва корхонаи металлургии «Талко Голд» ва ғайра ба маблағи беш аз 6 млрд сомонӣ ба имзо расониданд.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки ҳоло дар Тоҷикистон 600 корхона бо сармояи Чин фаъолият мекунад. Гуфта мешавад, ки дар давоми 10 соли охир ҳаҷми сармоягузории Чин дар иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 3,8 миллиард долларро ташкил дод.

Бояд гуфт, ки бо сармоягузории Чин танҳо дар панҷ соли охир дар Тоҷикистон беш аз 10 лоиҳаи муштарак, аз ҷумла, сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, корхонаии ресандагии Ҷунтай - Данғара - Синсилу текстил, Корхонаи металлургӣ дар вилояти Суғд, Корхонаи сементи Хуаксин Ғаюр-Суғд Семент, нақби роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон ва корхонаҳои фториди алюминию криолит амалӣ шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед