Ru  | Tj
Дабири кулли СПАД аз афзоиши эҳтимоли даргириҳо бар сари манобеъ дар Осиёи Марказӣ хабар дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дабири кулли СПАД аз афзоиши эҳтимоли даргириҳо бар сари манобеъ дар Осиёи Марказӣ хабар дод
Акс: Depositphotos

Дабири кулли СПАД аз афзоиши эҳтимоли даргириҳо бар сари манобеъ дар Осиёи Марказӣ хабар дод

Нашр шуд

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) Имонғалӣ Тасмағамбетов дар бораи хатарҳое, ки кишварҳои узв дар ояндаи наздик дучор хоҳанд шуд, ибрози назар кард.

Эҳтимоли сар задани низоъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бар сари манобеъе чун қаламрав ва об меафзояд ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ имкони хунсо кардани ин таҳдидро дорад. Дар ин бора Имонғалӣ Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД дар мусоҳиба бо маҷаллаи "Национальная оборона" (Мудофеъаи миллӣ) изҳор дошт.

"Доираи таҳдидҳо босуръат васеъ мешавад. Агар мо мушкилоти сатҳи ҷаҳониро аз доираи суҳбати худ берун гузорем ва бавижа ба мушкилоти мушаххаси минтақаӣ тамаркуз кунем, пас пеш аз ҳама бояд хатари муноқишаҳо бар сари манобеъро зикр кунем. Гузашта аз ин қаламрав низ ҳамчун захира маҳсуб шуда, омили дигари муноқишаҳои марзӣ ва як манбаъи арзишманд об низ ҳаст ", - гуфт Тасмағамбетов.


Ҳамзамон Тасмағамбетов таъкид кард, ки СПАД иқтидори воқеъии безараргардонии таҳдидҳои зикршударо дорад ва ин зарфиятҳо тақвият ёфта, ҷолибияти худи ин созмон дар Авруосиё афзоиш меёбад.

Дабири кулли ин созмон ҳамчунин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки мушкилоти амнияти иттилоъотӣ "дар минтақаи масъулияти СПАД як ҷанбаи мушаххас" мегирад.

«Набудани танзим дар ин самт хатари суистифодаи васеъмиқёси афкори умумиро аз сӯйи омилҳои беруна ба манофеъи гетосиёсии худ ба вуҷуд меорад», - таъкид кард дабири кулли СПАД.

Ба гуфтаи вай, муайян ва арзёбии таҳдидҳои зикршуда аз сӯйи таҳлилгарони СПАД, ҳамчунин ҳамкории танготанги кишварҳои узв дар сатҳи ҳукумат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин созмон муддати тӯлонӣ барои дарёфти роҳҳали мушкилоти марбута талош дорад.

Дабири кулли СПАД ёдоварӣ кард, ки ин созмон зарфияти воқеъӣ барои хунсо кардани ин таҳдидотро дорад.

Дар ҳоли ҳозир дар СПАД Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ҳамванд ҳастанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед