Ru  | Tj
Далер Назаров баъд аз сафар ба Хуҷанду Бадахшон ба COVID -19 гирифтор шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Далер Назаров баъд аз сафар ба Хуҷанду Бадахшон ба COVID -19 гирифтор шуд
Акс: SugdNews

Далер Назаров баъд аз сафар ба Хуҷанду Бадахшон ба COVID -19 гирифтор шуд

Нашр шуд

Далер Назаров, хонандаи маъруфи тоҷик пас аз сафар ба Хуҷанду Бадахшон ба коронавирус гирифтор шудааст.

Дар ин бора яке аз наздикони овозхони маҳбуб ба Sputnik хабар дода, гуфтааст, пас аз сафарҳо ба Хуҷанду Бадахшон, ки ҳафтаҳои қабл сурат гирифта буданд, вазъи сиҳатии Далер Назаров бад шуда ва аломатҳои гирифторӣ ба COVID-19 дар ӯ падид омадаанд.

“Ҳоло хеле вазъаш хуб аст ва ҷое барои нигаронӣ нест”, - гуфтааст ин манбаъ ва афзудааст, ки Далер Назаров айни замон дар хонаи писараш дар Душанбе табобат мегирад.

Далер Назаров, аз дурахшонтарин ситораҳои мусиқии тоҷик, шасту як сол дорад. Ин овозхон то имрӯз 10 албоми тарона нашр карда ва ба беш аз 30 филм оҳанг навиштааст. "Турки шерозӣ", "Эй парӣ" ва "Чак-чаки борон" аз маъруфтарин сурудҳои ӯ ҳастанд.

Шумори гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон аз марзи 13,5 ҳазор гузашт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед