Ru  | Tj
Шумори гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон аз марзи 13,5 ҳазор гузашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шумори гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон аз марзи 13,5 ҳазор гузашт
Акс: ASIA-Plus

Шумори гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон аз марзи 13,5 ҳазор гузашт

Нашр шуд

Дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 24 нафари дигар ба бемории коронавируси COVID-19 гирифтор шуданд, - иттилоъ додааст Вазорати тандурустӣ.

Ин вазорат ҳамчунин аз сиҳатёбии 16 нафар дар рӯзи гузашта хабар дода, афзудааст, ки дар маҷмӯъ, аз рӯзи аввали бақайдгирӣ то 1 –уми июл дар кишвар 13523 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 13318 нафар (98,5%) шифо ёфтаанд ва 90 нафар фавтидаанд.

Як моҳ қабл Ситоди муқобила бо коронавирус аз хуруҷи дубораи ин беморӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дода буд ва шурӯъ аз 24 июн маъракаи эмгузаронии умумӣ бар зидди бемории сирояти коронавирус миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт. 

Афзоиши беморони коронавирус дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед