Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Беларус 251 нозири байналмилалӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сабт шуданд
Нашр шуд
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Беларус рӯзи 26 январи соли оянда баргузор мегардад.
Комиссияи марказии интихоботи Беларус то кунун 251 нозири байналмилалӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро сабти ном кардааст. Ин омор дар сомонаи Комиссияи марказии интихоботи Беларус нашр шудааст.
Гуфта мешавад, ки аксарияти нозирони сабтиномшуда (159) намояндагии кишварҳои ИДМ мебошанд. Мақомоти интихоботии давлатҳои хориҷиро 20 нафар, Маҷмааи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ 14 нафар, Созмони ҳамкориҳои Шанхай 8 нафар ва парлумонҳои кишварҳои муштаракулманофеъро 3 нафар нозир намояндагӣ мекунанд.
Ҳамчунин, “44 нозири мустақил, 2 нозир аз созмони ҷавонони Ҷунбиши ғайридавлатӣ ва 1 нозири намояндагии котиботи Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё ба қайд гирифта шудаанд”, - иттилоъ медиҳад Комиссияи марказии интихоботи Беларус.
Қаблан Комиссияи марказии интихоботи Беларус панҷ номзади интихоботи раёсати ҷумҳуриро сабти ном кард. Раиси Ҳизби либерал-демократ Олег Гайдукевич, соҳибкори инфиродӣ Анна Канопатская, раисиҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко, котиби якуми Ҳизби коммунист Сергей Сиранков ва раиси Ҳизби коргар ва адолати Белорус Александр Хижняк барои курсии раҳбари давлат рақобат хоҳанд кард.
Маъракаи интихоботӣ 1 январ оғоз шуда, интихоботи раёсати ҷумҳурии Беларус бошад 26 январи соли 2025 баргузор мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед