Ru  | Tj
Дар Бомиён алайҳи Толибон муқовиматҳои шадид оғоз гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Бомиён алайҳи Толибон муқовиматҳои шадид оғоз гардид
Акс: Интернет

Дар Бомиён алайҳи Толибон муқовиматҳои шадид оғоз гардид

Нашр шуд

Толибон* мегӯянд, ки дар вилояти Бомиён бо муқовимати нави бархе аз гурӯҳҳо рӯбарӯ шудаанд.

"Дар Бомиён сухан дар бораи муқовимати дувум меравад. Мо аз тамоми мардуми Бомиён даъват мекунем, ки бо Имороти Исломӣ (манзур Иморати Исломии Толибон – Halva.tj) ҳамкорӣ кунанд, то амнияти Бомиён бад нашавад ва ҷанг шиддат пайдо накунад" - гуфтааст Аломуҳаммад Бахтиёр, раҳбари барнома ва амалиёти Толибон дар Бомиён.

Дар ҳамин ҳол, сокинони Бомиён аз таъқиби нерӯҳои Толибон шадидан интиқод мекунанд.

Гуфта мешавад, як гурӯҳи махфӣ дар ин вилоят шабу рӯз бар зидди Толибон ҳамлаҳои пайдарпай анҷом медиҳад ва Толибон то кунун натавонистаанд, ки ин гурӯҳро шиносоӣ кунанд.

Аз сӯйи дигар, муқовимат алайҳи нерӯҳои Толибон дар вилоятҳои Панҷшер, Парвон ва Каписо афзоиш ёфтааст. Аммо Толибон гуфтаанд, ки бо ҳар муқовимат мубориза хоҳанд бурд.

Қаблан дар пайи бархӯрди як мошини низомии Толибон ба мина миёни сокинони маҳаллӣ ва нерӯҳои Толибон дар Панҷшер даргирӣ рух дода буд.

Бояд гуфт, ки бо ишғоли дубораи Афғонистон аз ҷониби Толибон вазъи башардӯстона ва иқтисодии Афғонистон рӯз то рӯз бадтар шуда, дар рӯзҳои

боқимондаи зимистон эҳтимоли марги теъдоди зиёди мардум бар асари фақру гуруснагӣ ва сармо вуҷуд дорад.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Шаҳрвандони Афғонистон дар Душанбе барои дастгирии Панҷшер ва Ҷабҳаи муқовимат ҷамъ омаданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед