Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон бо ширкати Имрон Хон баргузор шуд
Нашр шуд
Имрон Хон, Сарвазири Покистон, ки ба манзури ширкат дар самити Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе омада буд, дирӯз дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон ширкат намуд.
Ба гузориши Sputnik, Ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон 16-уми сентябр дар Душанбе бо ҳузури Имрон Хон, муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва 150 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии ду кишвар баргузор гардид.
Гуфта мешавад, дар доираи ин ҳамоиш миёни субъектҳои бахши хусусию давлатии ҳарду кишвар чандин асноди нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Тарафҳо таъкид доштаанд, ки баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ба руши ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистону Покистон мусоидат хоҳад кард.
Баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар ҳолест, ки дар муқоиса ба соли 2019 ҳаҷми савдои дуҷониба байни ду кишвар дар соли 2020 ба андозаи 55% коҳиш ёфта, ҳамагӣ ҳудуди 26 млн долларро ташкил додааст.
Тибқи маълумотҳо, тиҷорати миёни Душанбеву Исломобод асосан иборат аз воридоти дорувории тиббӣ ва маҳсулоти кишоварзии Покистон ба Тоҷикистон аст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед