Ru  | Tj
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт баргузор  мешавад
Акс: АМИТ "Ховар"

Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт баргузор мешавад

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо мовини Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат мулоқот ва масоили марбут ба баргузории ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникиро баррасӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории «Ховар», дар мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат оид ба рушд ва ҳамкории байналмилалӣ Ҳамад Сулаймон ал-Мишъон, ки рӯзи 4-уми сентябр баргузор гардид, таҳким ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мавриди муҳокима қарор гирифт.

Гуфта мешавад, тарафҳо ҳамчунин дар бобати баргузории ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ табодули назар кардаанд.

Лозим ба зикр аст, ки рӯзҳои 9-22-юми сентябри соли равон дар Душанбе  ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ  баргузор мешавад.

Ҳамчунин 20-уми сентябр дар доираи ҷаласаи мазкур баргузории  Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Кувайт дар назар  дошта шудааст.

Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт моҳи марти соли 1995 барқарор шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се маротиба (17-19-уми апрели соли 1995, 23-25-уми июни соли 2013 ва 15-17-уми майи соли 2016) аз Давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал овардааст.

Ҳамчунин, зимни сафари расмии Сарвазири Тоҷикистон ба Кувайт дар моҳи ноябри соли  2019 дар Палатаи тиҷорат ва саноати он кишвар Форуми сармоягузорӣ зери унвони “Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардида буд.


Фазои сармоягузории Тоҷикистонро дар Форуми иқтисодии Арабистони Саудӣ муаррифӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед