Ru  | Tj
Дар Душанбе масъалаи такмили низоми дифоъи ҳавоии кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе масъалаи такмили низоми дифоъи ҳавоии кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Душанбе масъалаи такмили низоми дифоъи ҳавоии кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд

Нашр шуд

Муовини сарфармондеҳи неруҳои ҳавоии Русия сипаҳсолор Юрий Грехов гуфт, ки “бо талошҳои муштарак ҷиҳати эҷоди низоми ягонаи дифоъи ҳавоии минтақаӣ корҳои назаррас анҷом дода шудааст”.

Тибқи иттилоъи хабаргузории ТАСС, аъзои Кумитаи ҳамоҳангсозии мудофиаи ҳавоӣ дар назди Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ масъалаҳои такмили шабакаи воҳиди мудофиаи ҳавоии ин созмонро баррасӣ карданд.

«Бояд гуфт, ки дар неруҳои мусаллаҳи кишварҳои мо татбиқи самтҳои асосии мутобиқсозии шабакаи муштараки дифоъи ҳавоии ИДМ барои ҳалли масъалаҳои дифоъи кайҳонӣ идома дорад. Бо талошҳои муштарак шабакаҳои минтақаии дифоъи ҳавоӣ таъсис шудааст", - гуфт муовини сарфармондеҳи неруҳои ҳавоии Русия сипаҳсолор Юрий Грехов.

Вай афзуд, ки масъалаи роҳандозии навбатдории муштараки неруҳои дифоъи ҳавоӣ дар чаҳорчӯби ИДМ низ ҳал мешавад.

Афзун бар ин дар нишаст масъалаҳои таъмини фаъолияти боэътимоди шабакаи муштараки дифоъи ҳавоии кишварҳои ҳамсуд, рушди шабакаи дифоъи ҳавоии минтақаӣ, ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои ҳарбиву фаннӣ, табодули таҷриба дар самти амалиёт ва омодагии ҷангӣ низ баррасӣ шуд.

Дар кори кумитаи ҳамоҳангсозӣ, ки рӯзи 17-уми апрел дар Душанбе баргузор шуд, ҳайатҳои вазоратҳои дифоъи кишварҳои узви ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, котиботи Шурои вазирони дифоъи кишварҳои узви ИДМ, Хадамоти федеролии ҳамкориҳои ҳарбиву фаннии Русия, корхонахои саноати ҳарбӣ, ниҳодҳои тобеъи кишварҳои ИДМ дар соҳаи тадқиқи масоили дифоъи ҳавоӣ ва омода кардани мутахассисони ҳарбӣ ширкат карданд.

Хотиррасон мекунем, моҳи ноябри соли гузашта Владимир Путин, раисҷумҳури Русия хабар дод, ки ин кишвар дар хоки Точикистон ду муҷтамаъи системҳои зиддиҳавоии С-300-ро, ки дорои ҳашт дастгоҳи партоби мушак аст, мустақар кардааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед