Ru  | Tj
Дар Душанбе Рӯзи театри тоҷик таҷлил карда мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе Рӯзи театри тоҷик таҷлил карда мешавад
Акл: Sputnik

Дар Душанбе Рӯзи театри тоҷик таҷлил карда мешавад

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи театри тоҷик ботантана таҷлил мегардад.

5 –уми ноябр дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов бахшида ба Рӯзи театри тоҷик барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир мегардад. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Ин барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи театри тоҷик соати 17:00-и рӯзи 5-уми ноябр оғоз мегардад. 

Ба гуфти мутахассиси пешбари раёсати санъати Вазорати фарҳанги мамлакат Маҳмадшариф Азимов дар нуҳ моҳи соли равон дар театрҳои касбии мамлакат 26 асари нав саҳнавӣ гардиданд, ки аз ин шумора дар театрҳои пойтахт 6 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 20 намоиш рӯи саҳна омаданд. 

Бояд гуфт, ки Рӯзи театри тоҷик аз таъсисёбии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ гирифта шудааст. 

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, бори аввал дар ин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутӣ гузошта шуд. Ҳамчунин дар ин сол ба театри мазкур унвони академӣ дода шуд.

Дар Тоҷикистон 18 театри касбӣ мавҷуд аст, ки аз ин теъдод 6 театр дар шаҳри Душанбе, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон, 1 театр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд. Дар даврони истиқлолият дар ҷумҳурӣ 4 театри касбӣ: Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавӣ дар ноҳияи Данғара, Театри тамошобини наврас дар шаҳри Хуҷанд, Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М. Воҳидови ноҳияи Ашт ва Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» –и шаҳри Бохтар таъсис дода шуданд.


Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ ба намоиш гузошта шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед