Ru  | Tj
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ ба намоиш гузошта шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ ба намоиш гузошта шуданд
Акс: Интернет

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ ба намоиш гузошта шуданд

Нашр шуд

Намоиши "Ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон" то якуми декабр давом дорад.

Ба иттилои АМИТ "Ховар", дирӯз намояндагон аз сафоратхонаҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар маросими ифтитоҳи намоиш зери унвони «Ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон» иштирок намуданд. 

Ба шарҳи манбаъ, намоиш бахшида ба таҷлили 30- солагии Истиқлоли Тоҷикистон ва 20 - солагии таъсиси СҲШ роҳандозӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар намоиш намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Афғонистон, Ҷопон, роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайати васеи олимону муаррихон ширкат ва суханронӣ карданд.

Ҳамчунин, иштирокчиёни Конференсияи байналмилалии «Санъати ороишӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озорбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро намояндагӣ мекарданд, иштирок варзиданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ, директори Осорхона Аҳлиддин Ибодуллозода қайд кардааст, ки: "Ёдгории дайри буддоии «Аҷинатеппа» яке аз ёдгориҳои маъруфи фарҳанги буддоӣ дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон буда, ҳафриёти он аҳамияти илмӣ дорад ва нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна мебошад, ки пурра таҳқиқ шудааст".

Дар ҳудуди Тоҷикистон ёдгориҳои фарҳанги буддоӣ, аз қабили «Дайри буддоии Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш, «Дайри буддоии Вранг» дар ноҳияи Ишкошим, «Хиштеппа» ва «Чепол»-и ноҳияи Ховалинг боқӣ мондаанд.

Дайри буддоии Аҷинатеппа ва муҷассамаи Буддо дар ҳолати нирвана ба феҳристи Ёдгориҳои таъриху фарҳангии Тоҷикистон дохил гардидаанд.


16-уми ноябр ғолибони озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" маълум мешаванд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед