Ru  | Tj
Дар Хатлон ҳолатҳои ба фарзандӣ пазируфтани кӯдакони ятим зиëд шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Хатлон ҳолатҳои ба фарзандӣ пазируфтани кӯдакони ятим зиëд шудааст
Акс: Интернет

Дар Хатлон ҳолатҳои ба фарзандӣ пазируфтани кӯдакони ятим зиëд шудааст

Нашр шуд

Дар вилояти Хатлон давоми се соли охир ҳолатҳои ба фарзандхондӣ пазируфтани кӯдакони ятиму бепарастор пайваста афзоиш ëфтааст.

Ба иттилои Раёсати адлияи вилояти Хатлон, дар ин вилоят дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ  334 кӯдакро ба фарзандхонӣ гирифтаанд, ки ин омор назар ба соли қаблӣ 69 ҳолат бештар мебошад.

Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон бо ишора ба тамоюли афзоиши таваҷҷуҳи оилаҳо ба қабули фарзандхондҳо аз шумори кӯдакони ятиму  бепарастор гуфтааст, ки ҳолатҳои ба фарзандхондӣ пазируфтан дар се соли охир дар  ин вилоят пайваста бештар гаштааст.

Вай афзудааст, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2020 дар Хатлон 241 кӯдак, соли 2021 - 265 кӯдак ва соли 2022 - 334 кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардаанд.

Гуфта мешавад, дар аксар маврид кӯдаконро аз хона-интернатҳо оилаҳое мегиранд, ки солҳои зиëд  соҳиби фарзанд нашудаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳам иттилоъ дода буд, ки додгоҳҳои ин вилоят тайи як соли охир барои ба фарзандхонӣ қабул кардани 319 кӯдак ҳалнома баровардаанд.

Тимҳои Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ҷойҳои 67 ва 78-умро касб намуданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед