Ru  | Tj
Дар Русия бинобар авҷ гирифтани коронавирус як ҳафтаи истироҳат эълон мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Русия бинобар авҷ гирифтани коронавирус як ҳафтаи истироҳат эълон мешавад
Акс: Интернет

Дар Русия бинобар авҷ гирифтани коронавирус як ҳафтаи истироҳат эълон мешавад

Нашр шуд

Дар Русия аз 30-юми октябр то 7-уми ноябр рӯзҳои ғайрикорӣ эълон мешавад. Вобаста ба ин масъала қарор аз ҷониби Президенти Русия Владимир Путин имзо шуд.

Ба маълумоти Оҷонсии иттилоотии "Новости", дар ҳуҷҷати қарор омадааст, ки "Бидуни тағйир ёфтани музди меҳнати кормандон аз 30-юми октябр то 7-уми ноябр рӯзҳои ғайрикорӣ муқаррар карда мешаванд". Яъне новобаста аз он, ки коргарон дар хонаҳояшон мемонанд, маоши моҳонаро пурра хоҳанд гирифт.

Манбаъ илова менамояд, ки дар ин муддат реҷаи кории муаасисаҳои фарҳанг ва тиб аз ҷониби ҳукумат муайян карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба вазъи эпидемологӣ дар қаламрави Русия роҳбарони шаҳру ноҳияҳо метавонанд рӯзҳои ғайрикории иловагӣ муқаррар намоянд. 

Ҳамчунин, дар қарор омадааст, ки мақомоти шаҳру ноҳияҳо бояд тиҷорати хурду миёнаро, ки бинобар бад шудани вазъи эпидемиологӣ осеб дидаанд, дастгирӣ намоянд.

Рӯзи 19-уми октябр, муовини Сарвазир Татяна Голикова пешниҳод намуд, ки дар Русия рӯзҳои ғайрикорӣ муқаррар гарданд. Ӯ изҳор дошта буд, ҳолати мубталошавӣ ба бемории коронавирус дар кишвар мураккабтар гардида ва ба сатҳи фавт бетаъсир намондааст.


Путин: Ба ҳадди ақал донистани забони русӣ ба муҳоҷирони корӣ ҳатмӣ аст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед