Ru  | Tj
Дар тасодуфи ронандагӣ дар ноҳияи Айнӣ панҷ кас ҷон бохтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар тасодуфи ронандагӣ дар ноҳияи Айнӣ панҷ кас ҷон бохтанд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар тасодуфи ронандагӣ дар ноҳияи Айнӣ панҷ кас ҷон бохтанд

Нашр шуд

Кумитаи рухдодҳои фавқулодаи  Тоҷикистон ҳалокати 5 кас дар як тасодуфи ронандагӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқро таъйид кард. Дар ин сонеҳа танҳо як кӯдаки 6- сола зинда мондааст.

Имдодгарони Кумитаи рухдодҳои фавқулодаи Тоҷикистон пайомадҳои  тасодуфи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро бартараф карда, ба як мусофири маҷруҳ ёрӣ расониданд.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, рӯзи 28-уми март, соати 12:40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба бахши навбатдории Кумитаи рухдодҳои фавқулода дар бораи рух додани тасодуф дар километри 148,3 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз ҳудуди ноҳияи Айнӣ мегузарад, хабар расид.

Имдодгарони Кумитаи рухдодҳои фавқулода дар минтақаи Зарафшон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, маълум карданд, ки худрави тамғаи «Ravon» ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе ба хати поёни роҳ чаппагардон шуд. Сабаби ин тасодуф суръати баланди ҳаракат ва аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронандаи он гуфта шудааст.

Дар натиҷаи ин сонеҳа ронанда ва чаҳор мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, танҳо як нафар, духтарчаи 6-сола, сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон зинда мондааст.

Наҷотдиҳандагон ҷасади ронанда ва мусофиронро аз мошин берун оварданд ва ба мақомоти интизомӣ супурданд. Духтари захмдор баъди расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба бемористон интиқол шуд.

Дар робита ба ин Кумитаи рухдодҳои фавқулодаи Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон ёдоварӣ мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо суръати ҳаракати худравро боло набаранд ва қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед