Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон 295 ҳазор нафар дар дави миллӣ иштирок намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 295 ҳазор нафар дар дави миллӣ иштирок намуданд
Акс: Интернет

Дар Тоҷикистон 295 ҳазор нафар дар дави миллӣ иштирок намуданд

Нашр шуд

Дар дави миллӣ, ки 17-уми май баргузор гардид, дар саросари Тоҷикистон беш аз 295 ҳазор нафар иштирок намуданд. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Мувофиқи маълумот аз 295 ҳазор нафар 96 101 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дави миллӣ бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар саросари мамлакат баргузор карда шуд, ки дар он кулли ҷомеаи кишвар иштирок карданд.

Дави миллӣ дар Тоҷикистон: имсол кай ва дар куҷо баргузор мегардад?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед