Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон 400 нафар барои напардохтани алимент таҳти пайгард қарор дорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 400 нафар барои напардохтани алимент таҳти пайгард қарор дорад
Акс: novavlada.info

Дар Тоҷикистон 400 нафар барои напардохтани алимент таҳти пайгард қарор дорад

Нашр шуд

Барно Саидвализода, раҳбари Хадамоти иҷрои Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин ниҳод хабар дод, ки соли 2022 дар ин кишвар алайҳи 538 мард барои саркашӣ аз пардохти алимент парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи вай, соли гузашта ба Хадамоти иҷрои Тоҷикистон наздики 12 ҳазор санад барои ситонидани маблағи алимент ворид гардид, ки дар ин замина корҳои муайян анҷом дода шуд.

Барно Саидвализода таъкид кард, ки соли 2022 дар Тоҷикистон ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 39,9 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шуд, ки ин нишондод нисбати соли сипаришуда 18,4 млн сомонӣ ё 46,1 дарсад зиёд аст.

Дар баробари ин ба гуфтаи Саидвализода дар Тоҷикистон 400 нафар мард барои напардохтани кумаки молӣ ба фарзандонашон ҷустуҷӯ мешавад.

Гуфтанист, тиқби омори расмӣ дар 11 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон расман ақди никоҳи 12 ҳазору 792 оила бекор карда шудааст, ки нисбати соли 2021 992 ҳолат камтар аст. Инчунин дар 11 моҳи соли гузашта дар ин кишвар 63 ҳазору 377 оила бунёд гардида, шумораи бастани ақди никоҳ низ дар қиёс ба соли 2021 наздики 11 ҳазору 500 ҳолат камтар аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед