Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон беш аз 205 ҳазор зидди COVID-19 ваксина гирифтаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон беш аз 205 ҳазор зидди COVID-19  ваксина гирифтаанд
Акс: АSIA-Plus

Дар Тоҷикистон беш аз 205 ҳазор зидди COVID-19 ваксина гирифтаанд

Нашр шуд

Пас аз се рӯзи оғози маъракаи умумии эмгузаронӣ дар Душанбе шумори онҳое, ки ваксинаи зидди COVID-19 гирифтаанд, дар Тоҷикистон ба 205 ҳазору 619 нафар расид.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки инчунин вояи дуюми ваксинаро то 27 18 ҳазору 29 нафар шаҳрвандони мамлакат қабул карда, маъракаи эмгузаронӣ дар кишвар идома дорад.

Шурӯъ аз 24 июн маъракаи эмгузаронии умумӣ бар зидди бемории сирояти коронавирус миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта буд.

Рӯзи 21-уми июн Ситоди муқобила бо коронавирус аз хуруҷи дубораи ин беморӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дод ва тибқи гузориши Вазорати тандурустӣ, дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, ҳашт нафар сиҳат ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки то кунун ба Тоҷикистон ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаи "Астразенека" ва "КоронаВак" ворид шудааст. 

Дар Душанбе ҳама ба зидди коронавирус ваксина мегиранд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед