Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон шумораи аҳолӣ зиёду дар Латвия, Литва ва Гурҷистону Украина кам шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон шумораи аҳолӣ зиёду дар Латвия, Литва ва Гурҷистону Украина кам шудааст
Акс: ТоҷикТА

Дар Тоҷикистон шумораи аҳолӣ зиёду дар Латвия, Литва ва Гурҷистону Украина кам шудааст

Нашр шуд

Миёни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ баландтарин сатҳи афзоиши аҳолӣ дар сӣ соли ахир дар Тоҷикистон ба мушоҳида расидааст.

Ба навиштаи хабаргузории расмии “Ховар”, давоми сӣ соли ахир аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 76,6 фисад афзоиш ёфтааст, ки ин баландтарин нишондиҳанда миёни кишварҳои пасошӯравӣ мебошад.

Манбаъ бар пояи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ навиштааст, ки ҳамчунин дар сӣ соли ахир аҳолии Ӯзбекистон 63,4, Туркманистон 59,2 ва Қирғизистон - 47,7 фоиз афзоиш ёфта, дар ин миён аҳолии Латвия 28, 3, Литва 24,5 ва Гурҷистон 23, 2 фисад кам шудааст.

Гуфта мешавад, дар миёни кишварҳое, ки шумори аҳолиашон кам шудааст, ҳамчунин Украина (20%), Русия (2,9%) ва Беларус (7,8%) низ ҳастанд.

Ҳамин тавр, бар пояи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, аҳолии кишварҳои пасошӯравӣ агар қабл аз суқути ИҶШС 288, 14 миллион нафар буд, ин нишондиҳанда имрӯз ба 295, 67 миллион нафар (ба ҷуз аз Донетск ва Луганск) баробар шудааст. Яъне дар сӣ сол дар қаламрави собиқ ИҶШС афозиши аҳолӣ дар маҷмӯъ андаке бештар аз 7 фоиз будааст.

Ҳафтаи гузашта Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷӯҳ кардаву гуфта буд, ки дар 30 соли соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 9,8 миллион нафар расида, 1,8 баробар зиёд гардидааст.

Президент афзуд, ки соли оянда аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад.

Дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил оғоз гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед