Ru  | Tj
Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошти Нетаняҳу ва Галлантро содир кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошти Нетаняҳу ва Галлантро содир кард

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошти Нетаняҳу ва Галлантро содир кард

Нашр шуд

Додрасҳои Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дастури боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир ва Йоав Галант, вазири собиқи дифои Исроилро содир карданд. Барои Муҳаммад Дийоб Иброҳим ал-Мисрӣ, маъруф ба Муҳаммад Зайф, фармондеҳи низомии Ҳамос низ ҳукми боздошт содир шудааст.

Ин додгоҳ гуфтааст, ки ҳукми боздошти афроди номбурдаро барои "ҷиноят алайҳи башарият" ва "ҷиноятҳои ҷангӣ" дар Ғазза, ҳадди ақал аз 7 октябри соли 2023 то 20 майи соли 2024 содир кардааст.

Ин додгоҳ чолишҳои ҳуқуқии Исроил дар мавриди салоҳиятҳояшро рад кард ва гуфт, ки пазириши салоҳияти ин додгоҳ аз сӯи Исроил ҳатмӣ нест.
Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳамчунин дастури боздошти фармондеҳи низомии Ҳамос Муҳаммад Зайфро содир кардааст.

Ҳукми боздошти Муҳаммад Зайф дар ҳоле содир шуд, ки Исроил иддао дошт, ки ӯро дар як ҳамлаи ҳавоӣ чанд моҳ пеш куштааст.

Ҳамос то ҳол марги Муҳаммад Зайфро рад ё тасдиқ накардааст.

Дафтари нахуствазири Исроил тасмими додгоҳи байналмилалии ҷиноиро "яҳудситезона" хонда ва маҳкум кард. Гурӯҳи Ҳамос бошад ҳукми боздошти Нетаняҳу ва Галлантро муҳим ва таърихӣ арзёбӣ кардааст.

Ҳамакнун бо содир шудани ин ҳукм, тасмим бо 124 кишвари узви Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ аст, ки барои иҷрои он ва боздошти Нетаняҳу ва Галлант чӣ кор мекунанд.

Бояд гуфт, Исроил ва ҳомии аслии он, яъне Иёлоти муттаҳидаи Амрико узви Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ нестанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед