Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Додугирифти Тоҷикистону Қазоқистон қариби 20% афзуд
Нашр шуд
Қазоқистон ба сегонаи аввали шарикони тиҷорати Тоҷикистон шомил буда, дар нимсолаи аввал табодули молу маҳсулот миёни ду кишвар 19,5 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҳоким Холиқзода, муовини якуми сарвазири Тоҷикистон ва Роман Скляр, муовини якуми сарвазири Қазоқистон ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар баргузор шуд, иттилоъ дод хабаргузории "Ховар".
Дар доираи ин ҷаласа нахуст мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Роман Скляр баргузор шуда, дар он вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ гардид.
Дар ин замина таъкид шуд, ки ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи хос дорад ва ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар идома ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қазоқистон доир шуд, ки дар ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва фаъолияти бонкӣ, нақлиёт, обу энергетика, кишоварзӣ, гумрук, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни ҷаласа зикр шуд, ки соли 2023 ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 1 миллиарду 148 миллиону 700 ҳазор доллар расида, дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 Қазоқистон бо 13,8 дарсад ҷои 4-умро ишғол менамояд.
Дар охири кори ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар заминаи ҳамкории иқтисодӣ санади нави дахлдор ба имзо расид.
Бояд гуфт, ки тибқи натиҷагирӣ аз нимсолаи аввали соли ҷорӣ Қазоқистон дар тиҷоратии хориҷии Тоҷикистон дар ҷои севум қарор дошта, муомилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар дар ин муддат 668,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 19,5% зиёд аст.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан мева, сабзавот ва хокаи ғанишудаи маъданҳо содир шудааст. Қазоқистон бошад яке аз таъминкунандаҳои асосии Тоҷикистон бо гандум, равған ва гази моеъ маҳсуб мешавад.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед