Ru  | Tj
Довталабони ниқобпӯш: ММТ хабар медиҳад, ки аз имрӯз имтиҳонсупорӣ шурӯъ шу

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Довталабони ниқобпӯш: ММТ хабар медиҳад, ки аз имрӯз имтиҳонсупорӣ шурӯъ шу
Акс: SugdNews

Довталабони ниқобпӯш: ММТ хабар медиҳад, ки аз имрӯз имтиҳонсупорӣ шурӯъ шу

Нашр шуд

Шурӯъ аз имрӯз даври асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, қисмҳои А (хатмкунандагони синфи 11-ум) ва Б (хатмкунандагони синфи 9-ум) шурӯъ шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ММТ (Маркази миллии тестӣ) барои идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дар маҷмӯъ 103429 довталаб дар назди ММТ номнавис шудаанд, ки аз онҳо 91504 нафар хатмкунандагони синфи 11 мебошанд.

Мувофиқ ба ҷадвали баргузории имтиҳонҳо, даври асосии имтиҳонҳо то 7-уми июл идома меёбад.

Ҳамчунин, таъкид шудааст, кормандони муваққатию доимӣ ва шахсони дигаре, ки дар марказҳои имтиҳонӣ ба кор ҷалб гардидаанду бевосита бо довталабон кор мекунанд, бо ниқоб ва дастпӯшакҳои резинии тиббӣ таъмин шудаанд.

Илова бар ин, дар назди ҳар як маркази имтиҳонӣ бунгоҳи тиббӣ бо духтурон ва маводи зарурии барои ёрии аввалини тиббӣ ташкил шудааст.

Гуфта мешавад, ки шумораи имтиҳонсупорандагон дар ҳар як синфхона набояд аз 15 нафар зиёд бошад.

Барои довталабон ҳангоми супоридани имтиҳон бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмӣ дониста шудааст:

- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

- даъватнома;

- 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад);

- ниқоби тиббӣ;

-довталаб метавонад дар зарфи шаффоф барои худ оби нӯшокӣ орад;

Ҳамчунин бо худ овардани як қатор ашёҳои зерин манъ карда шудааст:

- ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ;

- телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).

Бояд гуфт, ки ҳаррӯз пас аз анҷоми имтиҳон дар сомонаи ntc.tj ҷавобҳои дурусти (калидҳои) саволу масъалаҳои тест нашр мешаванд.

Ҳамчунин натоиҷи имтиҳонҳо то 20-уми июл маълум мегардад. 

2000 нафар довталабон дар Тоҷикистон дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия худро санҷиданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед