Ru  | Tj
Духтарони раҳбарони Толибон дар хориҷа таҳсил мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Духтарони раҳбарони Толибон дар хориҷа таҳсил мекунанд
Акс: Интернет

Духтарони раҳбарони Толибон дар хориҷа таҳсил мекунанд

Нашр шуд

Шабакаи Таҳлилгарони Афғонистон дар як пажӯҳиш маълум кардааст, ки фарзандони бархе аз раҳбарони Толибон*, бахусус духтарони онҳо дар хориҷ аз кишвар ба таври муосир ва стандартӣ таҳсил мекунанд.

Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки дар чанд моҳи ахир миллионҳо духтар дар Афғонистон бар асари қонунҳои Имороти исломӣ таҳсилро тарк кардаанд.

Як узви гурӯҳи музокиракунандаи Толибон дар Қатар ба Шабакаи таҳлилгарони Афғонистон гуфтааст, ки онҳо фарзандони худро барои идомаи таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои ин кишвар номнавис кардаанд.

“Азбаски дар маҳаллаи мо ҳама ба мактаб мераванд, фарзандони мо низ хоҳиш карданд, ки ба мактаб раванд ва таҳсил кунанд” – гуфтааст ӯ.

Ин шабака хабар медиҳад, ки духтари вазири феълии Толибон ҳоло дар яке аз донишгоҳҳои Қатар дар риштаи тиб таҳсил мекунад.

Ду узви дафтари сиёсии Толибон дар Қатар низ замоне, ки ҳукумати пешин дар Афғонистон суқут кард ва ба Кобул омаданд, хонаводаҳои худро дар Қатар монданд, то фарзандонашон битавонанд таҳсили худро идома диҳанд.

Як мақоми аршади Толибон, ки қаблан дар дафтари сиёсии Қатар кор мекард, гуфтааст, "аъзоёни Имороти исломӣ ва хонаводаҳои онҳо, ки дар Қатар зиндагӣ мекунанд, барои таҳсили муосири фарзандонашон майли зиёд доранд ва касе ба таҳсили духтарону писаронашон мухолиф нест".

Бархе аз мақомдорони дигари Толибон фарзандони худро дар мактабҳои хусусии Покистон дар Қатар номнавис кардаанд. Гуфта мешавад, ки ҳарчанд онҳо ба забони англисӣ дарс медиҳанд, аммо барномаҳои таълимии Покистонро таълим мегиранд.

Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки духтарони болотар аз синфи ҳафтум аз замони эҳёи дубораи Толибон дар Афғонистон иҷоза надоранд, ки дар дарсҳо ширкат кунанд.

Масъулони Толибон гуфтаанд, ки мухолифи идомаи таҳсили духтарон нестанд, балки мехоҳанд, барои духтарон як фазои шаръӣ фароҳам кунанд.

Толибон фазои шаръиро ҷудосозии синфҳои духтарону писарон медонанд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Бидуни шавҳар ба назди пизишк рафтани занони афғон аз ҷониби Толибон манъ карда шуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед