Ru  | Tj
Эманнуэл Макрон аз талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созиш накардан бо гурӯҳҳои террористӣ истиқбол кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эманнуэл Макрон аз талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созиш накардан бо гурӯҳҳои террористӣ истиқбол кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эманнуэл Макрон аз талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созиш накардан бо гурӯҳҳои террористӣ истиқбол кард

Нашр шуд

Макрон иқдоми Раҳмонро дар роҳи муҳофизат аз риояи ҳуқуқи занон ва созиш накардан бо "Толибон"*-ро ҷонибдорӣ кард.

Дирӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Эманнуэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок карда, вазъи Афғонистонро муҳокима намуданд.

Макрон изҳор намуд, ки Тоҷикистон бо Афғонистон робитаи таърихӣ дорад.

"Дар ҳошияи сафари расмии шумо ба Фаронса, мо метавонем ҳамаҷониба масъалаи кӯмаки мушаххасеро, ки Фаронса ба Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ расонда метавонад, муҳокима намоем",-арз намуд Макрон дар муроҷиат ба Раҳмон. (Иқтибос аз навори видеоӣ)

Ҳамчунин, Президенти Фаронса аз талошҳои Президенти Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани вазъ дар минтақа, созиш накардан бо гурӯҳҳои террористӣ ва ҷонибдорӣ кардан аз риояи ҳуқуқи занон истиқбол намуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафари корӣ рӯзи 12-уми октябр ба Фаронса ташриф оварда буд.





Дидори Раҳмону Макрон. Фаронса шарики муҳимму боътимоди Тоҷикистон дар Аврупо унвон шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед