Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон аз суръати рафъи паёмади офатҳои табиӣ изҳори нигаронӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон аз суръати рафъи паёмади офатҳои табиӣ изҳори нигаронӣ кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Эмомалӣ Раҳмон аз суръати рафъи паёмади офатҳои табиӣ изҳори нигаронӣ кард

Нашр шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ бо раисони вилоят, шаҳр ва навоҳии кишвар масъалаи бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табииро матраҳ кард.

Рӯзи 5 август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Фархор, Ваҳдат, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дод. Зимни ин суҳбат масъулин ба Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди раванди бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯз гузориш доданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин манбаъ, зимни ин гуфтугӯи телефонӣ ба барқарорсозии манзили оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон аз суръати пасти барқарорсозӣ изҳори нигаронӣ карда, талаб намуд, то ки мардуми зарардида то ҷашни навбатии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон соҳиби хонаҳои нав ва асбобу анҷоми рӯзгор шаванд.

Раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин вазифадор шуданд, ки рафти таъмиру тармими муассисаҳои соҳаи маорифро дар деҳоти дурдаст зери назорати бевоситаи худ гирифта, санадҳои иҷрои корҳоро шахсан худашон қабул намоянд.

Дар баробари ин, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда барои сари вақт ва босифат анҷом додани кишти такрорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба зимистон супориш додаст.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар 164 манзили истиқоматӣ (64 адад пурра, 26 адад қисман), 1853 иншооти ёрирасон, 6 бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 66 пул, наздики 2500 гектар майдони кишт ва 294,2 км роҳҳо зарар дидаанд.

Дар баробари ин, мутаассифона дар натиҷаи 12 офати табиӣ 15 нафар сокинони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.


Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед