Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати олирутба ба Миср рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати олирутба ба Миср рафт
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати олирутба ба Миср рафт

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми як сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср парвоз кард.

Ба  иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати олирутбаи давлатӣ озими Қоҳира, пойтахти Ҷумҳурии Арабии Миср шуд.

Манбаъ аз ҷузъиëти ин  сафари Сарвари давлат маълумот надодаву танҳо гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар киҳо ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ҳамроҳи Президент Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Палатаи савдо ва саноат, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақил ва дигар шахсони расмӣ ба Миср рафтаанд.

Муносиботи дипломатии Душанбеву Қоҳира соли 1993 барқарор гардида, то имрӯз миëни ду кишвар 9 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ба имзо расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон 15 сол пеш аз  Ҷумҳурии Арабии Миср боздиди расмӣ анҷом дода буд.


Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ рушди бахши хусусӣ дар кишварро баррасӣ карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед