Ru  | Tj
Эрон марзҳояш бо Афғонистон ва Покистонро деворкашӣ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эрон марзҳояш бо Афғонистон ва Покистонро деворкашӣ мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

Эрон марзҳояш бо Афғонистон ва Покистонро деворкашӣ мекунад

Нашр шуд

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Эрон хостори бунёди девор дар тамоми вилоятҳои марзии ин кишвар, ба вижа вилоятҳое шудааст, ки бо хатароти марзӣ рӯбарӯ ҳастанд. Вай афзуд, ки бунёди девори марзӣ дар хатти марзи миёни Эрон ва кишварҳои Афғонистону Покистон дар авлавият аст.

Сардор Аҳмад Алии Гударзӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Эрон, ба хабарнигори ИРНА гуфт, ки сохти девори марзӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи сӯхт, мол, маводи мухаддир, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ сурат мегирад.

Вай афзуд, ки Эрон мехоҳад дар тамоми вилоятҳои марзии худ девор бисозад, аммо "бар пояи осебшиносии интизомӣ ва низомӣ”, бахусус дар заминаи қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷират, дар ҳоли ҳозир авлавият марзи Эрон бо Покистон ва Афғонистон аст.

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Эрон афзуд, 80 дарсади қочоқи маводи мухаддир ба Эрон тавассути марзҳои ин кишвар бо Афғонистон ва Покистон сурат мегирад.

Сардор Гударзӣ гуфт, бештари қочоқи мол, ба хусус маводи сӯхт, аз ҳамин минтақаҳо сурат мегирад ва ҳоло корҳои сохтмонӣ ва иҷрои тарҳи сохтмони девори марзӣ аз ҷануби вилояти Сиистону Балуҷистон ва ҳамчунин Хуросони Разавӣ оғоз шудааст.

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Эрон афзуд, ки сохтмони девори марзӣ дар вилоятҳои Илом, Курдистон ва Озарбойҷони Ғарбӣ низ ба зудӣ оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки Эрон бо Афғонистон ҳудуди 950 километр ва бо Покистон беш аз 900 км марзи муштарак дорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews





Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед